ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи сипаришуда аз раванди корҳои сохтмонӣ аз Масҷиди марказӣ дидан кардааст, ки он бо маблағгузории давлати Қатар бунёд мешавад, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.
Умури сохтмонӣ дар бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе наздик ба 50% анҷом шуда, бояд то соли 2018 ба итмом расад.
Ин масҷид бо маблағгузории Қатар бунёд мешавад ва соли 2009 инҷониб корҳои сохтмонии он идома дорад.
Масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд, ки дар майдони 7,5 гектар бунёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки "коргарон барои иҷрои босифати корҳо талош варзанд ва соли 2018 — ум ин иншоотро ба истифода диҳанд".
Ба андешаи президент ин масҷид, ки бо тарҳи дар Осиёи Марказӣ нодир бунёд мегардад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.