ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони заминларза дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ қариб 3 миллион сомонӣ маблағи пулӣ ирсол кардааст, иброз дошт раиси ноҳия Худоёр Худоёров дар суҳбат бо Sputnik.
Ба қавли ӯ, ҳоло дар водии Бартанг маблағи ҷудошударо аз номи президенти кишвар ба мардум тақсим карда истодаанд.
"Ба сокиноне, ки манзилашон аз заминларза қисман зарар дидааст, 3 ҳазор сомонӣ ва барои аҳолии манзилашон пурра харобшуда 7 ҳазор сомонӣ маблағи нақд дода мешавад",-илова кард Худоёров.
Гуфтанист, дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза дар водии Бартанг супурда хоҳад шуд.
Рӯзи 7-уми декабр дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон 3 дафъа ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ"-и Академияи илмҳо заминларзаи аввал соатҳои 12-50 ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки зарфияти ларзиши замин баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Таккони замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.
Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввала заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе ба 2-3 бал баробар буд.
Ба иттилои мақомоти кишвар аз ин заминларза қариб 800 хонаи сокинон осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар асоси ҳисоботи пешакӣ хисороти заминларза дар ноҳияи Рӯшон наздик ба 24 миллион сомонӣ мебошад ва эҳтимол ин рақам боз ҳам афзоиш ёбад.
Матлаби бештарро дар бораи зилзилаи Бартанг ва хисороти он аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед>>