Таъсиси Комиссияи ҳукуматӣ барои бартарафкунии оқибати зилзила

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаи орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки аҳолии зарардидаи Бадахшон бо макони зисти муваққатӣ, либос ва ғизо таъмин карда шаванд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Субҳи имрӯз таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Хисороти зилзила: ҳалокати 1 нафар ва захм бардоштани 10 тан дар ВМКБ

Ба ҳайати комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.

"Бар асари заминларзаи рӯзи гузашта дар қаламрави ВМКБ беш аз 500 хона вайрон шуда, даҳҳо тан ҷароҳат бардоштаанд. Мутаасифона,талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст",- қайд мешавад дар хабар.

Бино ба иттилоъим расмӣ, дар ин офати табиӣ беш аз ҳама водии Бартанги ноҳияи Рӯшон хисорот дидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи мазкур, раиси вилояти Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар аҳолии бесарпаноҳмондаро бо ҷойҳои зисти муваққатӣ, сарулибоси гарм, ғизо ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин карда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯли Сарез аз зилзила зарар надидааст

Маркази заминларзаи рӯзи 7 декабр дар 357 км  ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда,  шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез  5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

Зилзилаи такрорӣ соати 15-04 дақиқа дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 ва дар пойтахти кишвар 2-3 балро ташкил дод. Ҳамчунин, соати 15-34 дақиқаи ҳамон рўз дар 357 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  22 километр аз кўли Сарез заминларза  ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба  5-6 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 бал баробар буд.

Лентаи хабарҳо
0