Бег Сабур раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва Бег Сабур (аз чап) аснои ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб
Раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва Бег Сабур (аз чап) аснои ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, раиси Федератсияи бокси кишвар интихоб шуд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Душанбе конфронси Федератсияи бокси ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он Бег Сабур (дар гузаштаи начандон дур Бег Зуҳурович Сабуров- шарҳ аз идора) раиси Федератсияи мазкур интихоб шуда, дар ин симмат Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз кард, хабар доданд ба Sputnik аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Бобоҷон Маҳмадрасулов дар ин конфронс дар бораи фаъолияти Федератсияи миллӣ дар давраи ҳисоботӣ маърӯза кард. Дар ҳисобот таъкид шуд, ки бузургтарин дастоварди муштзанҳои тоҷик ин нишони биринҷии Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии соли 2012-ум дар Лондон маҳсуб мегардад.

Чориева дар сабқати осиёӣ дар Чин муштзанӣ мекунад

"Баъдан, Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон дар ин конфронс аз вазифааш истеъфо дод. Вакилони конфронс ӯро ба вазифаи дабири кулли Федератсияи бокси кишвар интихоб намуданд",- илова кард сарчашма.

Маврид ба ёдоварист, Бег Сабурович  Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли равон ному насабашро ба Бег Сабур иваз кардааст. Номбурда соли 2004 муовини вазири алоқаи Тоҷикистон ва пас аз ду сол муовини аввали вазир таъин шуда буд. Баъдан, ба ҳайси муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон кор карда, бахши алоқаи кишварро зери назорат дошт. Алъон, дар вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа дорад.

Бег Сабур ҳамзамон раиси шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» мебошад. Ӯ оиладор ва соҳиби чаҳор писар мебошад.  

Лентаи хабарҳо
0