ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Адвокати дастгиршудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров бо се ҷурми дигар, аз ҷумла бо иттиҳоми ифротгароӣ муттаҳам мешавад, иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik хоҳараш Хосият Ёрова.
Вакили мудофеъ бо ҷурмҳои "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ", "таъсиси гуруҳи (ташкилоти) ифротгароӣ" ва "барангехтани кинаву адовати нажодӣ " муттаҳам дониста мешавад.
"Ин иттиҳомот ҳанӯз дар моҳи ноябр дар қиболи ӯ эълом шуда буданд",- гуфт Ёрова.
Қаблан вай бо ҷурмҳои тақаллуб ва ҷаъли аснод низ муттаҳам шуда буд.
Ҳеч яке аз вакилони дифоъ, ки рӯйхати онҳоро Бузургмеҳр Ёров пешниҳод сохт, ҳозир нашуданд ҳимояи ӯро ба зимма бигиранд.
"Ҳоло ӯ бо адвокат таъмин аст, аммо ин ба хотири риояи меъёрҳои умумӣ асту бас. Ҳамаи корҳоро вобаста ба ҳимоя худи ӯ анҷом медиҳад",- гуфт вай.
Ба қавли хоҳари ӯ, барои дидорбинӣ бо адвокат мушкил вуҷуд надорад, пайвандон дар вақти зарурӣ ӯро дида метавонад. Бузургмеҳр худашро хуб ҳис мекунад.
Адвокат Ёров авохири моҳи сентябри соли равон боздошт шуда буд.
Кормандони мақомоти интизомии кишвар рӯзи 28 сентябр ба дафтари "Сипар" ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват карданд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.
Як рӯз баъд, 29 сентябр вазорати умури дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки роҳбари Коллегияи адвокатҳои мавсум ба "Сипар" Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми "бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон рӯёнидани маблағ", "қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.