ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ аз шикояти дигари шаҳрвандон алайҳи адвокат Бузургмеҳр Ёров хабар доданд, тибқи он Дилбар Меликулова, сокини ноҳияи Файзобод шикоят кардааст, ки адвокат аз ӯ 2800 доллари ИМА гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст, омадааст дар хабари сомонаи ВКД ҶТ.
"Бузургмеҳр Ёров бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Дилбар Мелиқулова даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд",- меафзояд манбаъ.
Аз рӯи далели мазкур низ нисбати вакили мудофеъи боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин дуввумин ҳолати шикояти шаҳрвандон нисбат ба адвокат Ёров аст. Рӯзи гузашта низ бо нашри як хабар ВКД гуфта буд, ки шаҳрванд Беҳрӯз Ҳоҷиев шикоят кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров соли 2009 ба маблағи 7 ҳазор доллар ба ӯ зарари калони моддӣ расонидаст.
Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар", баъз аз зӯҳри 28-уми сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват шуда буд. Субҳи 29-уми сентябр вазорати умури дохила аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод.
Дар қиболи Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.