ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Таътили зимистона барои донишомӯзони макотиби миёнаи Тоҷикистон ба мисли солҳои охир як моҳ хоҳад буд — аз 1 то 31 январ, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми кишвар.
Ба мактабҳои миёна дастур дода шудааст, ки дар вақти таътил барои хонандаҳое, ки дар озмунҳои фаннӣ иштирок менамоянд, дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ташкил намоянд.
Инчунин дастур шуда, ки дар давраи таътил роҳҳои ҷалби мактаббачаҳо ба хониш ҷустуҷӯ ва феҳрасти китобҳои бадеӣ вобаста ба синну сол барои мутолиа тартиб дода шавад.
Аз соли 2013 ба ин сӯ бар асоси як навоварии масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон донишомӯзони макотиби миёна ба низоми ҷадиди таълим гузаштанд.
Дарсҳо дар нимсолаи аввал аз 1 сентябр то охири декабр давом дошта, баъдан пас аз таътили зимистона, нимсолаи дуюми таълим, ки аз 1 феврал шурӯъ шуда то 7 июн идома меёбад. Дар умум соли хониш 34 ҳафтаро ташкил медиҳад.