Имконияти тамдиди патенти соли 2016 барои муҳоҷирон дар Русия

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарифҳои пешин бо як шарт қобили қабул аст- агар маблағи пешпардохти патент то таърихи 31 декабри соли равон ба хазина супорида шавад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. То охири моҳи декабр муҷаввизи фаъолият дар бозори муҳоҷирати Русияро барои соли 2016 тамдид кардан мумкин аст, иттилоъ медиҳад Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР.

"Агар маблағи пешпардохт барои дарёфти патент то 31 декабри соли равон супорида шавад, дар ин сурат имкони гирифтани санад барои соли 2016 бо нархи соли 2015 вуҷуд дорад",- омадааст дар иттилоъия.

Инчунин, дар ин ҳолат зарурати пардохти маблағи иловагӣ барои патенти соли 2016 ба миён намеояд.

Муҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои гирифтани патент дар Маскав муҳоҷирон 14500 рубл мепардозанд

Агар маблағи пешпардохти санад пас аз соли нав супорида шавад, он гоҳ иловапулӣ ба патент изофа мегардад.

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ба қувваи қонун даромаданд. Ҳамин тавр, барои буду боши қонунии худ дар ФР муҳоҷирон бояд санадҳои зиёдеро пешниҳод созанд.

Бар пояи тағйироти қонунгузории Русия, ки аз 1 январи соли 2015 амалӣ гардиданд, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор вориди ФР мешаванд, ба ғайр аз патент бояд санади тиббӣ дар бораи саломатӣ дошта бошанд. Инчунин, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохти АДШҲ (НДФЛ) ва донистани забони русӣ шарти ҳатмист.

 

Лентаи хабарҳо
0