Барои гирифтани патент дар Маскав муҳоҷирон 14500 рубл мепардозанд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идораи буҷавӣ-давлатии “Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират”-и шаҳри Маскав масрафоти муҳоҷиронро барои дарёфти патент бо иловаи роҳкиро ҳисоб кардааст.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Муҳоҷирон барои дарёфти патент дар Маскав 14500 рубл сарф хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар ФР бо такя ба арқоми пешниҳодкардаи "Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷирон"-и шаҳри Маскав.

Бар пояи иттилои маркази мазкур харҷи муҳоҷирон ба шакли зайл хоҳад буд:

  • Роҳкиро аз истгоҳи Аннино то Маркази муҳоҷират — 300 рубл (рафту баргашт)
  • Хизматрасонӣ барои пур кардани санадҳои зарурӣ дар мақомоти салоҳиятдор — 3500 рубл
  • Пешпардохти моҳонаи АДШҲ (андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (инфиродӣ)) — 4000 рубл
  • Хидматрасонии бонкӣ — на камтар аз 200 рубл
  • Суғурта (полис)-и ихтиёрии тиббӣ — аз 3500 рубл (вобаста ба интихоби шаҳрванди хориҷӣ)
  • Хизматрасонии нотариалӣ барои тарҷумаи аснод (шиноснома) — 400 рубл
  • Омӯзиш ва тестсупорӣ — 500 рубл
  • Санад дар бораи саломатӣ — аз 2300 рубл (дар идораҳои тиббии давлатӣ)

Ба қавли манбаъ, арзиши хидматрасонӣ дар идораҳои тиббии ғайридавлатӣ аз муассисаҳои давлатӣ ба куллӣ фарқ дорад.

"Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират" бо суроғаи шаҳри Маскав, минтақаи маъмурии Троитский, маҳаллаи Вороновский, наздикии деҳаи Сахарово ҷойгир аст.

Тафтиши шиноснома дар фурудгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

Телефон барои маълумот: 8 (495) 539 55 33

Сомона: www.mc.mos.ru

Ҳамзамон, бо нишониҳои зерини раёсатҳои ХФМ-и Русия дарёфти патент имкони дорад:

1. кӯчаи Баррикадная, бинои 4

2. кӯчаи Ботаническая, бинои 8

3. кӯчаи "8-я Парковая", бинои 14а

4. хиёбони Ленин, бинои 123

5. кӯчаи Карамишеви соҳилӣ, бинои 14

6. кӯчаи Маршала Кожедуб, бинои  2/1

7. кӯчаи бародарон Фомченко, бинои 8

8. кӯчаи Судостроителная, бинои 4

9. кӯчаи Адмирала Макаров, бинои 23,қатори 1

10. шаҳри Зеленоград, бинои 347

Барои маълумоти иловагӣ ва иттилои дигар метавонед ба суроғаи намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия бо нишонии:

Федератсияи Русия, шаҳри Маскав, кӯчаи "2-я Тверская-Ямская", бинои 40/3, қатори 1, утоқҳои  201, 207, 215 муроҷиат намоед.

Тел.: +7 (495) 967-98-44; +992 (44) 640-83-84.

Лентаи хабарҳо
0