БАБР ба “Ҳумо” $2 миллион медиҳад

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллари ИМА. Акс аз бойгонӣ
Доллари ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин маболиғ барои ҷилавгирӣ аз таъсироти манфии иқлим ба табиат масраф хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бонки аврупоии бозсохт ва рушд барои иҷрои барномаҳои марбут ба асароти тағйири иқлим ба  ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон мавсум ба «Ҳумо» 2 миллион доллар қарз ҷудо кардааст, омадааст дар хабари сомонаи созмони байналмилалии молиявӣ.

Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БАБР қабл аз ҷудо кардани маблағ ба Тоҷикистон шарт гузошт

Ташкилоти қарздиҳии "Ҳумо" севвумин созмони бузурги ғайрибонкии Тоҷикистон аст, ки дар риштаи ироаи қарзҳои хурд фаъолият мекунад.

Ба қавли роҳбари намояндагии БАБР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс  бояд "Ҳумо" аз ин 2 миллион қарзи бонки Аврупо барои расидагӣ ба чолишҳои марбут ба тағйири иқлим ба таври муассир истифода барад.

Ҳамзамон, мудири кулли "Ҳумо" Мавсуда Вайсова иброз доштааст, ки ин пулҳо барои масоиле, чун фанновариҳои навин, рушди манобеи алтернативии энержӣ, ҷорӣ кардани шеваҳои муассири киштукор ва боло бурдани маҳсули кори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳо истифода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0