ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд омода аст, тарҳи CASA-1000 дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад, аммо дар ивазаш тақозо кардааст, ки низомии энержии кишвар ислоҳ карда шавад, омадааст дар баёнияи БАБР.
Санади ҳусни тафоҳуми миёни БАБР ва Тоҷикистон 15 май имзо шуд ва дар ин санад барномаи ислоҳот, ки шарти қаблии сармоягузории ин тарҳи минтақвии интиқоли нерӯи барқ, ки бо исми CASA-1000 мебошад, пешбинӣ шудааст.
Ин ҳуҷҷатро мудири иҷроияи БАБР дар умури энержӣ ва захойири табиӣ Риккардо Пулити ва муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳукуматро муаррифӣ мекард, имзо карданд.
"Ин тарҳ, ки дар он бархе аз созмонҳои байналмиллалии молӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ширкат мекунанд, аз чанд бахш иборат аст. БАБР имкони сармоягузории ислоҳоти низоми интиқоли нерӯи барқ дар дохили Тоҷикистонро баррасӣ мекунад", — зикр шудааст дар баёнияи БАБР.
Зикр шудааст, ки шарти дарёфти сармоягузории БАБР ислоҳоти ширкати давлатии энержии "Барқи тоҷик"-и Тоҷикистон мебошад.
"Дар чаҳорчӯби ислоҳот ширкат муваззаф шудааст, ки шароити дастрасии ҷонибҳои саввум ба хутути интиқоли нерӯи барқро мушшахас карда ниҳоди мустақили танзимгари бахши энержиро таъсис бидиҳад", — тавзеъ доданд дар банк дар мавриди ин шароит.
Тарҳи муштараксозии низоми энержии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ "CASA 1000" эҳдоси хатти интиқоли нерӯи барқ барои содиротро дар назар дорад. Тоҷикистон ва Қирғизистон содиркунанда ва Афғонистону Покистон, ки ба камбуди энержи рӯбарӯ ҳастанд, воридкунандаи нерӯи барқ хоҳанд буд.
Ба манзури пуштибонии бахши энержии Тоҷикистон БАБР қаблан ба маблағи $75 миллион бозсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар шимоли кишварро сармоягузорӣ карда буд. Ин тарҳ таъсиси фанновариҳои ҷадид барои побарҷойӣ дар қиболи тағйироти иқлимиро пешбинӣ кардааст.