Модари пулҷамъкуни ноболиғро 120 сомонӣ ҷарима карданд

© Sputnik / Амир ИсаевСокинон ҳангоми пардохти роҳона дар нақлиёти мусофирбари Душанбе
Сокинон ҳангоми пардохти роҳона дар нақлиёти мусофирбари Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳ Мастура Очилдиеваро бар пояи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар гунаҳгор дониста, ӯро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастааст.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро, ки фарзанди ноболиғаш дар васоити нақлиёти мусофиркаш ба ҳайси пулҷамъкун кор мекард, дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин додгоҳ.

Дурбинҳои МТ ҳаракат дар роҳи Шаҳри бехатар дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ронандае эълом шуд, ки ҷаримаи бештар пардохт кардааст

"Мастура Очилдиева "уҳдадорияшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накардааст", — навиштааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, писари ӯ — Фазлиддин Очилдиев аз соли 2009 ба ин сӯ ба таълим фаро гирифта нашуда, дар хатсайри №22 бо фаъолияти пуоҷамъкунӣ машғул шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, "Мастура Очилдиева худро гунаҳгор шуморида баёнот дод, ки аз сабаби танқисии рӯзгор аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Фазлиддин Очилдиевро таъмин накардааст.

Фарзандаш Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Шавҳараш бекор дар хона бемор мебошад.

Додгоҳ Мастура Очилдиеваро бар пояи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар гунаҳгор дониста, ӯро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастааст.  

Лентаи хабарҳо
0