Ронандае эълом шуд, ки ҷаримаи бештар пардохт кардааст

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДурбинҳои МТ ҳаракат дар роҳи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дурбинҳои МТ ҳаракат дар роҳи Шаҳри бехатар дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Куллияи нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ тавассути Маркази танзими ҳаракати роҳи “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳудуди 58 ҳазор сомонӣ ($9 ҳазор) ҷаримаро ронандаи мошини Toyota Sequoia Абдуҳалим Қодиров пардохт кардааст, ки дар тӯли 14 моҳ ба 238 мавриди нақзи қавоиди роҳ муртакиб шудааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Ин ронанда аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи январи соли равон 238 маротиба қоидаҳаои ҳаракати роҳро вайрон кардааст.

Қароргоҳи боғи-тиҷоратии Румянтсево - Sputnik Тоҷикистон
Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” қонуншикании зиёдро сабт карданд

Ин ҳолот аз сӯйи Маркази танзими ҳаракати роҳи "Шаҳри бехатар" сабт шудаанд. Аксҳои мавориди нақзи қавоид ва санади ҷаримаи маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохт пешниҳод шудаанд.

Қодиров 57 ҳазору 980 сомонӣ ($9 ҳазор) пардохт кард.

Худи мошини Toyota Sequoia аз 12 ҳазор (дасти дуввум) то 100 ҳазор доллар (ҷадид) қиммат дорад.

То ҳол пешсафи пардохти ҷаримаҳоро ронандаи Porsche дониста мешуд, ки барои 186 мавриди нақзи қавоид 7 ҳазор доллар пардохт карда буд.

Лентаи хабарҳо
0