ВАО: ҳамлаҳои густурдаи ДИИШ ба манотиқи шимоли Ироқ

© APҲамлаи ҷавобии неруҳои Ироқ алайҳи ҷангиёни ДИИШ
Ҳамлаи ҷавобии неруҳои Ироқ алайҳи ҷангиёни ДИИШ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Вашингтон гуфтааст, дар умум наздик ба 300 ҷангӣ кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҷангиёни ДИИШ дар минтақаи шимолии Ироқ ҳамлаеро анҷом додаанд, ки дар давоми панҷ моҳи ахир бузургтарин маҳсуб мешавад, навиштааст РИА Новости бо истинод ба нашрияи "The New York Times".

Густариши "Давлати исломӣ"

"Ифротгароён ба мавзеъҳои таҳти идораи курдҳо дар маҳаллаи Башик ҳамла кардаанд, ки дар онҷо шибҳнизомиён мустақар буданд. Инчунин ба минтақаи аҳолинишини Нарван ва Тал-Асвад ҳам ҳамла шудааст. Дар ҳар яке аз ин ҳамлаҳо 120 ҷангиӣ иштирок кардааст", — менависад ин нашрия бо такя ба манобеи низомии худ.

Бо кӯмаки неруҳои эътилофӣ имкон шудааст, сади роҳи ин ҳамлаҳои густурдаи ҷангиёни ДИИШ-ро бигиранд.

Намояндаи Вашингтон гуфтааст, дар умум наздик ба 300 ҷангӣ кушта шудааст.

Ин ҳамлаҳо тавре генерали артиши ИМА Марк Одом мегӯяд, бузургтарин ҳамлаи ДИИШ дар шиимоли Ироқ дар давоми 5 моҳи ахир ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0