Интиқоли кӯмак ба сокинони осебдидаи Бартанг идома дорад

© Предоставлено Насрулло АлиназаровымИн хонаи истиқоматӣ буд
Ин хонаи истиқоматӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иброҳимов ба мақомоти маҳаллии Шуғнон дастур додааст, то рӯйхати сокинони осебдида дар пайи заминларзаро муайян карда, ба ситоди таҳти раҳбарии ӯ пешниҳод намоянд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Расонидани кӯмаки башардӯстона, аз қабили маводи ғизоию либос ва масолеҳи сохтмонию сӯзишворӣ ба сокинони водии Бартанги Юадахшон, ки дар пайи заминларзаи 7 декабр беш аз 500 нафар осеб дидааст, идома дорад.

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Рӯшони Бадахшон аллакай ҳаҷми хисороти заминларзаи ахирро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд. Дар натиҷаи ин заминҷунбӣ мактаб, роҳҳои мошингарду даҳҳо манозили маскунии одамон хароб шудаанд.

Халтаи орд - Sputnik Тоҷикистон
Қатори кӯмаки Туркманистон ба сокинони Бартанг вориди Душанбе шуд

Маркази заминларзаи рӯзи 7 декабр дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда, шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

"Давоми рӯзҳои ахир аз водии Бартанг ба маркази ноҳияи Рӯшон 544 нафар интиқол дода шудааст. ин афрод узви 101 оилае мебошанд, ки дар натиҷаи заминларза хонаҳои худро пурра аз даст додаанд. Сарвари давлат дастур додааст, ҳар сокинони бесарпаноҳмонда бо хонаҳои нав таъмин карда шавад. Азбаски ин хонаводаҳо хоҳиш доранд, манозили нав дар ҷойҳои пешин бунёд карда шавад, мо сохтмонро ба баҳори соли оянда гузоштем. Аммо тамоми масолеҳи сохтмонии мавриди ниёз ҷамъоварӣ шудааст", — гуфт раиси ноҳияи Рӯшон Худоёр Худоёров дар суҳбат бо Sputnik.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳол ба ноҳияи Рӯшон беш аз 90 тонна кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла ҳудуди 40 тонна ангишту 4 тонна сӯзишворӣ фиристода шудааст.

"Ин кӯмакҳо аслан ба сокинони боқимонда дар Бартанг расонда мешавад ва шумори сокинони ин минтақа ба 6 ҳазор нафар мерасад", — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Беш аз 500 сокини Бартанг ба маркази Рӯшон кӯчонида шуданд

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки раиси Кумисиюни ҳукуматӣ дар умури рафъи оқибатҳои заминларза дар Бадахшон ва муовини сарвазир Азим Иброҳимов имрӯз аз ноҳияи Шуғнон боздид кардааст.

Иброҳимов ба мақомоти маҳаллии Шуғнон дастур додааст, то рӯйхати сокинони осебдида дар пайи заминларзаро муайян карда, ба ситоди таҳти раҳбарии ӯ пешниҳод намоянд.

Рӯзи 7 декабр заминҷунбии шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯъи ин зилзила дар наздикии Мурғоб буда, шиддати он ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва сенздаҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир осеби зиёд дида буд, то чанд рӯзи қабл аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарор дошт. Дар пайи зилзилаи шадиду рехтани сангпораҳои азим ягона роҳе, ки ин водиро ба маркази ноҳияи Рӯшон мепайвандад, хароб гардида, бар иловаи ин, роҳи ҳавоӣ ба водии мазкур бо далели номусоидии ҳаво масдуд шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0