Беш аз 500 сокини Бартанг ба маркази Рӯшон кӯчонида шуданд

© Предоставлено телевидением "Бадахшон"Натоиҷи заминларза дар Бартанг
Натоиҷи заминларза дар Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 500 сокини Бартанг тавассути чархбол ба маркази Рӯшон интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Беш аз 500 сокини водии Бартанг, ки дар пайи заминларза осеб диданд, аз 11 то 14 декабри соли равон тавассути чархболҳои Вазорати дифоъ ва ширкати "ТоҷикЭйр" ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуданд.

Куҳҳои Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Водии Бартанг: минтақаи дар инзивоъ монда

Онҳо дар бинои мактабу хона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятии Рӯшон маскун шуда, бо тамоми маводи зарурӣ, аз ҷумла маводи ғизоию либос таъмин гардидаанд.

"Имрӯз бояд роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, ки дар натиҷаи заминларза баста шуда буд, кушода шавад. Аввалин шуда тавассути ин роҳ мошинҳои ҳомили маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида ба роҳ хоҳанд баромад. Сохтмони манозил аз баҳори соли оянда шуруъ мешавад", — мегӯяд мақомоти маҳаллии Рӯшон.

Рӯзи 7 декабр заминҷунбии шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯъи ин зилзила дар наздикии Мурғоб буда, шиддати он ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва сенздаҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир осеби зиёд дида буд, то чанд рӯзи қабл аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарор дошт. Дар пайи зилзилаи шадиду рехтани сангпораҳои азим ягона роҳе, ки ин водиро ба маркази ноҳияи Рӯшон мепайвандад, хароб гардида, бар иловаи ин, роҳи ҳавоӣ ба водии мазкур бо далели номусоидии ҳаво масдуд шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0