ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон радиои гуруҳи террористии ДИИШ ба пахши барномаҳояш шурӯъ кардааст, хабар медиҳанд ВАО-и Афғонистон.
Ба иттилои расонаҳои ин кишвар радиои ДИИШ, ки аз он "Садои хилофат" ном бурда мешавад, рӯи мавҷи 90FM ҷавононро барои пайвастан ба саффи ин ташкилоти террористӣ даъват мекунад.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки мавҷи ин радио дар ҳама ноҳияҳои Нангарҳор, аз ҷумла дар Ҷалолобод дастрас аст.
Дар ҳамин ҳол, як ниҳоди пуштибони расонаҳои озодии Афғонистон аз ҳукумат дархост кардааст, бо тамоми имконоти фанниву истихборотӣ дар наздиктарин фурсат пеши роҳи пахши радиои "Садои хилофт"-ро бигирад.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳукумат нагузорад даҳшатафканон бо истифода аз фазои озоди расонаҳо ба ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои терористӣ пардозанд ва бар зидди мардум ва давлати Афғонистон табаддулот кунанд.