ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вашинтон исрор дорад, ки раисҷумҳури кунунии Сурия Башшор Асад бояд ҳатман аз мақоми худ канор биравад, гуфт намояндаи расмии Кохи сафед Ҷош Эрнест.
Рӯзноманигорон аз ӯ суол кардаанд, ки мавқеи Кохи сафед то куҷо бо суханони вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керррӣ мувофиқат мекунад, ки ҳангоми боздидаш аз Маскав гуфта буд, Вашингтон ҳеч мақсаде дар мавриди тағйири қудрат дар Дмишқро надорад.
"Мавқеи мо тағйир наёфтааст", — таъкид кардааст Эрнест. Ӯ инчунин қайд намудааст, ки миёни суханони Қон Керрӣ ва мавқеи ИМА дигаргуние дида намешавад. Ба гуфтаи ӯ, "Керрӣ ҳангоми суханронии худ таъкид карда буд, ки Башшор Асад аз ҳуқуқи раҳбарии қонунии Сурия маҳрум шудааст".
Эрнест бар ин бовар аст, ки ин масъала ба услуби раҳбарии Асад ва ноуҳдабории ӯ, ки натавонист тамомияти арзии кишварашро ҳифз кунаду аз зуроварӣ ҷилавгирӣ намояд.