Тафтишот алайҳи сиёсатмадори турк баъд аз суҳбат бо RT

Обуна шудан
Равобити Анқараву Маскав баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймоии зарбазани Су-24 тавассути ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия дар хоки Сурия ба сардӣ гароид.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Додситонии кулли Анқара алайҳи вакили Ҳизби ҷумҳурявии мардумии Туркия Эрен Эрдем баъд аз он ки бо телевизиони RT дар мавриди дастрас шудани гази сарин ба ҷангиёни ДИИШ аз қаламрави кишвараш суҳбат кард, тафтишотро шуруъ кардааст. Ин газ гӯиё барои сохти силоҳи кимиёвӣ истифода мешудааст.

Сохтмони лӯлаи газ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Туркия: набуди гази русӣ фоҷеа аст

Ба навиштаи расонаҳои Туркия, мақомоти қудратии ин кишвар ҷаноби Эрдемро дар хиёнат ба давлат муттаҳам медонанд. Эҳтимоли лағв шудани масунияти вакилии ин сиёсатмадори турк ҳам вуҷуд дорад.

Эрен Эрдем мегӯяд, мақомоти Туркия ва ҳам Ғарб медонанд, ки дар ҳамлаҳои кимиёвии соли 2013 дар Сурия кӣ гунаҳкор аст. Қаблан дар иҷрои ин ҳамлаҳо раисҷумҳури Сурия Башшор Асад айбдор мешуд.

Равобити Анқараву Маскав баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймоии зарбазани Су-24 тавассути ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия дар хоки Сурия ба сардӣ гароид.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард. Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0