Туркия: набуди гази русӣ фоҷеа аст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСохтмони лӯлаи газ. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони лӯлаи газ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин лӯлаи газ як бахши калидии лоиҳаи бузурге мебошад, ки бо дастгирии комили Кумисиюни Аврупо роҳандозӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Зиёд шудани нофаҳмиҳо миёни Маскаву Анқара дар пайи сарнагун шудани ҳавопаймои Су-24 Туркияву Аврупоро ба мухолифини таъминкунандагони алтернативии энергия Русия табдил медиҳад, навиштааст РИА Новости бо истинод ба матлаби нашрияи "Politico".

Сабзиҷот - Sputnik Тоҷикистон
Таҳримҳои Русия боиси поинравии арзиши маҳсулоти Туркия то 40% шудааст

"Туркия дар вазъияти хеле ҳассос қарор дорад ва қатъи интиқоли газ аз Русия бо сабабҳои геопалитикӣ барои Анқара фоҷеа хоҳад шуд", — мегӯяд таҳлилгари Институти "Брейгел"-и Аврупо Симон Таляпетр. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати кандани риштаи дӯстии Маскаву Анқара ба мақомоти турк пайдо кардани манбаъҳои дигари интиқоли газ дар ояндаи наздик мушкил хоҳад буд.

Ин таҳлилгари аврупоӣ меафзояд, ки сафари ахири вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довуд-уғлӯ ба ҳар чӣ зудтар оғоз шудани сохтмони лӯлаи интиқоли гази "Tаноб" рабт дошт, ки давраи шуруи сохмтони он ба миёнаҳои соли 2018 рост меомад.

Ин лӯлаи газ як бахши калидии лоиҳаи бузурге мебошад, ки бо дастгирии комили Кумисиюни Аврупо роҳандозӣ шудааст.

Даъвати нахуствазири Туркия барои азсаргирии ҳамкории низомӣ бо Русия

Лоиҳаи мазкур интиқоли 16 миллиард метри мукааб газ аз баҳри Каспий ба Аврупоро то охири даҳсола дар назар дорад, ки 6 тои он ҳаққи Туркия аст.

"Агар Русия интиқоли газ ба Туркияро қатъ кунад, пас Анқара ба гази бештар аз они Каспий ниёзманд хоҳад шуд. Зеро ҳаҷми гази интиқолшаванда тавассути лӯлаи мазкур наметавонад, мушкили онро ҳал созад", — меафзояд Таляпетр.

Ин таҳлилгар бовар дорад, ки бо вуҷуди тезонидани раванди сохтмони лӯлаи шаз то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он муддати тӯлонист.

Равобити Анқараву Маскав баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймоии зарбазани Су-24 тавассути ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия дар хоки Сурия ба сардӣ гароид.

Лентаи хабарҳо
0