Боздошти қочоқбарони қирғизе, ки аз Тоҷикистон ба Ватан бар мегаштанд

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкМаводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамоми ин маводи мухаддири мусодирашуда ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид карда мешавад, ки даҳсолаи ахир ин кишвар бузургтарин тавлидкунандаи ин мавод дар ҷаҳон ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Марзбонони Қирғизистон аз қочоқи 1 кило маводи мухаддир ба кишвари худ ҷилавгирӣ кардаанд, иттилоъ медиҳад Sputnik  Қирғизиятон бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, 15 декабри соли равон дар гузаргоҳи марзии "Бордобо-автодорожний" ду шаҳрванди Қирғизистон дастгир гардидаанд, ки қасди интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба кишвари худро доштаанд.

Рустам Назарзода дар нишасти матбуъотии АНМН - Sputnik Тоҷикистон
АНМН: мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд дастҷамъона бошад

"Ҳангоми бозҷӯӣ аз автомошинаи "Митсубиси Паджеро", ки марбут ба ду шаҳрванди Қирғизистон мебошаду онҳо аз Тоҷикистон ба Ватан бар мегаштанд, 900 грам маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст", — афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 2 тоннаву 666 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз ин миқдор 1 тоннаву 377 килограмм ё 51,6 фоиз ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.

Тамоми ин маводи мухаддири мусодирашуда ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид карда мешавад, ки даҳсолаи ахир ин кишвар бузургтарин тавлидкунандаи ин мавод дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Маводи мухаддир аслан аз Афғонистон ба дигар кишварҳо тавассути марзҳои давлатҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон роҳ меёбад. Аз ҳама бештар ба қавли коршиносон тавассути марзи Тоҷикистон берун бурда мешавад.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Қочоқи маводи мухаддир тавассути "масири шимолӣ" (Афғонистон — Осиёи Марказӣ — Русия — Аврупо) бо роҳҳои гуногун сурат мегирад: тақрибан 70% тавассути автомошинаҳо, бо роҳи оҳан 20% ва танҳо 10% тавассути роҳи ҳавоӣ анҷом меёбад.

Лентаи хабарҳо
0