ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ҳамкорӣ дар арсаи зиддимухаддаротӣ бояд дар самти Афғонистон бояд тавсеъа дода шавад, изҳор дошт мудири АНМН Рустам Назарзода дар дидор бо Ҷерми Милсон, намояндаи раёсати СММ дар умури маводди мухаддир ва ҷароим, хабар медиҳад маркази матбуъотии ин ниҳод.
Назарзода пешниҳод кард, ки бояд ба тақвияти ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, анҷоми амалиёти муштарак ва иқдомоти ҷилавгирӣ дар манотиқи ҳаммарз таваҷҷӯҳи бузург дода шавад.
Милсон дар навбаи худ мудири агентиро дар бораи иҷрои барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ва натоиҷи муқаддамотии онро ироъа кард.
Ба ҷуз аз он мудири АНМН пешниҳод кард, ки таҷрибаи омӯзиши маъмурони агентӣ дар мавриди ошкорсозӣ ва таҳқиқи ҷароими марбут ба пулшӯии маболиғе, ки дар пайи фаъолиятҳои ҷиноӣ ба даст омадаанд, идома дода шавад.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки куллияи ҷонибҳоро бояд сареъан дар бораи ворид кардани тағйирот ба "Феҳрасти миллии маводди мухаддир, доруҳои мадҳушкунанда ва маводди таҳиясозии мухаддирот" огаҳ карда шаванд.
Дар поёни дидор ширкаткунандагон ба тақвияти ҳамкориҳои амалии ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд.