ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Чин сафар кардааст ва ин нишаст қарор аст, дар шаҳри Чженчжоуи музофоти Хэнан баргузор шавад.
Ба иттилоъи расида, нахуствазири Тоҷикистон қабл аз оғози ин ҷаласа дар шаҳри Урумчи ва Чженчжоу бо намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, мулоқот кардааст.
"Оқои Расулзода дар Урумчи бо раиси Шӯрои директорони идораи 19-уми Корпоратсияи роҳҳои оҳани Чин Ван Сюе Чжоу ва раиси Шӯрои директорони Ширкати ТВЕА Чжан Син мулоқот доштааст",- омадааст дар хабар.
Зимнан, аснои мулоқот бо раиси Шӯрои директорони идораи 19-уми Корпоратсияи роҳҳои оҳани Чин масоили ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва идомаи ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидааст.
Ширкати мавсум ба ТВЕА дар Тоҷикистон ба бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ машғул буд.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Урумчи ҳамчунин мулоқоти Қоҳир Расулзода бо раиси ҳукумати мардумии вилояти Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шоҳрат Закир доир гардид. Ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика, роҳу нақлиёт ва кишоварзӣ суҳбат кардаанд.
Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Чженчжоуи музофоти Хэнан бо муншии кумитаи ҳизбии музофот Го Гэнмао, раиси Шӯрои директорони Ширкати металлҳои рангаи Чин Чен Чинхе ва сарвари иҷроияи ширкати байналмилалии содироту воридоти технологияҳои ҷадид Хуан Чианрон дидор доштааст.