ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Нашрияи маъруфи Ҳонконг мавсум ба "Wen Wei Po" дар шумораи навбатиаш бисту панҷ акс аз ҳаёту фаъолияти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба чоп расонидааст, иттилоъ медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Чин.
Муаллифи матлаб дар бораи Тоҷикистон, дар бораи «канораи кӯҳҳои сар ба фалак, барфҳои ҷовидонаи зери нури офтоб», дар бораи тамаддуни халқи тоҷик ва роҳбари он, ки ӯро дар Чин дӯсти бузург ва боэътимод меноманд, нақл мекунад.
Ҳамчунин, дар ин мақола дар бораи муносибатҳои рушдкунандаи Тоҷикистону Чин, ки пас аз аввалин сафари давлатии сарвари Чин Си Ҷинпин дар моҳи сентябри соли 2014 такони нав касб кард, ибрози назар шудааст.
Муаллиф дар идома менависад, соли 2016 Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн мегирад.
"Тайи ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои онро пушти сар карда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард", — қайд мешавад дар шарҳи матлаб.