ДУШАНБЕ, 16 сент — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ ва тағйири ногаҳонии арзиши асъори хориҷӣ дар лавҳаи саррофиҳо тайи чанд муддат боз муҳимияти худро дигар гум кардааст. Дигар ҳоло ҳатто барои фурӯшандаи офтобпараст ё сабзавот ҳам маълум аст, ки ин механизмҳо чи гуна амалӣ мешаванд.
Ҳама ғизо хӯрдан мехоҳанд ва ҳамеша!
Мақомот ҳоло тасмим гирифтаанд, дар баробари ин раванд аз юани Чин кор бигиранд. Майли хӯрдан ҳамеша ҳаст! Бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамеша серодаманд. Муҳим нест, ки ҳоло вазъияти буҳронӣ пеш омадааст, ё хайр. Дар ҳар сурат тановули ғизо барои ҳамеша боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, фурӯшандаҳои маводи ғизоӣ ва сабзиҷот аз набудани муштарӣ шикоят надоранд.
Хабарнигори Sputnik тасмим гирифт, аз бозори "Саховат", воқеъ дар ҷануби пойтахт боздид кунад. Ин бозор мисли бозорҳои дигар низ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъ дар кишвар ва ҳатто дар ҷаҳон аст. Ҳатто мешавад, аз ин бозор аз тағйири арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ ҳам бохабар шуд.
Бо фурӯшандаи тахминан 60-сола суҳбате доштем, ки дар наздаш пиёзу картошка гузошта буду дар аввал фикр кардам, шояд деҳқон аст. Дар посух ба суоли мо, ки чаро арзиши пиёзу картошкаро боло бурдааст, ҷавоби номушаххасе дод: "Ҳама боло бурданд, ман ҳам боло бурдам".
Ҳайраташро пинҳон надошта, ба ман нигоҳ карда гуфт:
— Магар Шумо хабар надоред? Ҳоло доллар камёфт шудаву қурби он ҳар рӯз баланд мешавад ва мо ҳам ҳисобу китоби худро аз рӯи он мекунем.
— Вале Шумо, ки картошкаи тоҷикӣ мефурӯшед, на амрикоиро, иброз доштам ман.
— Мо барои интиқоли картошкаи худ то ин ҷо аз сӯзишвории Русия истифода мекунем. Ба иловаи ин, маҳсулоти дигареро ҳам мехарем, ки арзиши онҳо бо қурби доллар ҳар рӯз боло меравад, иброз дошт ӯ.
Замони тавсеаи юани Чин фаро расид?
Сарфи назар аз ин, мақомоти тоҷик ҳанӯз ҳам талош доранд, таъсири доллар бар иқтисоди Тоҷикистонро коҳиш диҳанд. Албатта, ҳоло набояд ба эътидол омадани қурби асъор ва раҳоӣ аз долларро мунтазир шуд, вале ба ин шояд тадриҷан бирасем.
Роҳи ҳалли масъала бо Чин пайдо шуд, ки тайи 5-10 соли ахир тақрибан ба сармоягузори аслии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Солҳои ахир тамоми молу коли ниёзи мардум ва дастгоҳу таҷҳизот низ аз ин кишвар ворид мешавад. Ба хотири каме ҳам бошад, таъсири долларро бар иқтисоди кишвар коҳиш додан масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз имзои созишномаи СВОП бо ҳамтоёни худ аз Чин хабар доданд.
Бар асоси созишномаи мазкур Чин давоми се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллар ба Тоҷикистон медиҳад.
Раиси Бонки миллии кишвар Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарии моҳи июли ниҳодаш гуфт, ин созишномаи онҳо бо Чин қарз нест, тавре дигар расонаҳо мегӯянд. Созишномаи СВОП бори аввал аст, миёни ин ду бонк ба имзо мерасад ва ҳадафи асосии он мӯътадил нигаҳ доштани қурби сомонӣ ва истифода аз юани Чин ҳангоми табодули коло миёни ду кишвар аст.
Таҷрибаи ҷаҳонии татбиқи механизми мазкур нишон медиҳад, ки табодули асъори хориҷӣ ҳамчун воситаи кам кардани хатар ва таъмини нақдинаи бонкҳо аст.
Юани машҳур
Мушкил дар инҷост, ки Чин вақтҳои охир талош дорад, юани худро ба бозори ҷаҳонӣ бароварда, ба яке аз арзҳои захиравии Сандуқи Байналмилалии Пул табдил диҳад.
Тибқи натоиҷи соли 2014 дар доду гирифтҳои байналмилалӣ дар баробари доллару евро юан ҳам зиёд истифода шудааст. Вале ҳанӯз ҳам юан ба радифи асъори захиравии СБП ворид нашудааст. Асъори захиравӣ шудан хеле барои давлати соҳиби он боиси обрӯмандӣ аст. Чун дар ин сурат арзи мазкур аз сӯи бонкҳои байналмилалӣ захира мешавад.