ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Арзиши $1 дар биржаи фондии Қазоқистон субҳи имрӯз ба 322,47 танга баробар гардида, ин нишондод дар қиёс ба қурби рӯзи ҷумъаи гузашта 10,55 танга камтар мебошад.
Ҳамин тавр, қурби пули миллии Қазоқистон ба ҳадди таърихӣ беарзиш шуда, нишондоди пасттаринро дар солҳои мавҷудияташ соҳиб гашт. Бояд гуфт, 9 ноябри соли равон бо 312,65 тангаи қазоқӣ 1 доллари амрикоӣ харидан мумкин буд.
Ҳаҷми хариду фурӯши арзи амрикоӣ дар рӯзи душанбе ба 166,1 миллион баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки нишондоди рӯзи ҷумъа ҳамагӣ 138,2 миллион доллар буд.
Бонки миллӣ ва ҳукумати ҶҚ моҳи августи соли равон аз "долони арзӣ" даст кашида, эълом доштанд, ки шинои озоди асъори миллиро роҳандозӣ менамоянд. Баъд аз ин тасмим, қурби асъори миллии Қазоқистон то имрӯз ба 65% коҳиш ёфт.