ВАО: коҳиши нархи гӯшту мева дар Тоҷикистон

© SputnikДар бозори "Шоҳмансур" дар арафи Иди қурбон. 15 июли соли 2015
Дар бозори Шоҳмансур дар арафи Иди қурбон. 15 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саршумори чорвои калон дар умум дар ҷумҳурӣ то 1 октябри соли равон ба 154 ҳазору 8 сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 57,4 ҳазор ё 2,7% зиёд мебошад.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Арзиши маҳсулоти ғизоии маҳаллӣ ба тадриҷ дар бозорҳои Тоҷикистон поин меравад, навиштаанд расонаҳои дохилӣ.

"Аз ҷумла нархи гӯшту мева поин рафтааст. Аввали моҳи декабри соли равон як кило гӯшти гов 34 сомонӣ буд ва ҳоло он ба 28-30 сомонӣ поин фаромадааст", — менависанд расонаҳо.

Орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нархи орд дар Тоҷикистон 20% боло рафт

Ба навиштаи ВАО-и дохилии кишвар, тоҷирон омили ин равандро коҳиши талаботи истеъмолӣ арзёбӣ кардаанд. Тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли равон дар умум дар ҷумҳурӣ 117 ҳазору 304 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 4,6% зиёд мебошад.

Шумори чорвои калон дар умум дар ҷумҳурӣ то 1 октябри соли равон ба 154 ҳазору 800 сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин  давраи муайяни соли гузашта 57,4 ҳазор ё 2,7% зиёд мебошад.

Арзиши маҳсулоти воридотӣ, аз қабили орду равғани растанӣ баръакс боло рафтааст. Коршиносон инро ба беқурбшавии пули миллӣ рабт медиҳанд, ки гуфтаи онҳо, поин рафтани арзиши сомонӣ ба нархи маҳсулоти воридотӣ дигаргуниҳо ҳатман ворид хоҳад кард. Инчунин коҳиши талаботи истеъмолӣ дар либосу пояфзол ҳам ба чашм мехурад.

Лентаи хабарҳо
0