Нархи орд дар Тоҷикистон 20% боло рафт

© Sputnik / Джон Траст / Гузариш ба медиабонкОрд. Акс аз бойгонӣ
Орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин, дар бархе аз навоҳии ҷануби кишвар зиёд шудани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ба мушоҳида мерасад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар баробари коҳиши қурби асъори миллӣ дар нисбати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон болоравии нархи бархе аз маҳсулоти истеъмолӣ ба назар мерасад, менависад ОИ Авеста.

Таври мисол, агар ҳафтаи гузашта арзиши як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон дар бозори истеъмолӣ баробар ба 160 сомонӣ буд, ҳоло ин рақам муодили 200 сомонӣ ($35,3) шудааст. Нархи 50 кг орди навъи дуюм 165 сомонӣ аст.

Ҳамчунин, дар бархе аз навоҳии ҷануби кишвар зиёд шудани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ба мушоҳида мерасад, менависад оҷонсӣ, аммо мушаххасан дар бораи кадом намуди маҳсулот чизе илова накардааст.

Болоравии қурби доллари амрикоӣ аз моҳи феврали соли равон шурӯъ гардид.

Дар ҳоли ҳозир, арзиши 1 доллари ИМА тибқи меъёри расман муқарраркардаи БМТ 5 сомонию 65 дирам мебошад. Аммо харидуфурӯши он дар нуқтаҳои мубодилаи арз аз 6,28 то 6,30 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0