Абдуллоҳ: вазъи ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ хоҳем кард

© AP / Rahmat GulАбдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаноби Абдуллоҳ дар идома таъкид кардааст, ки мавзуъҳои иқтисодии мавриди баҳси ин мулоқот дар ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои вазирони Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имом ба хотири равшан кардани мавқеи Душанбеи расмӣ дар робита ба таҳаввулоти ахири шимоли Афғонистон бо раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар мулоқот кардааст. Дар ин бора ҷаноби Абдуллоҳ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар додааст.

Ҷангиёни Толибон дар ҷодаҳои Қундуз. 28 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Доктор Абдуллоҳ ба саркӯбшавии Толибон дар Қундуз бовар дорад

Ба навиштаи раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, ин мулоқоти ӯ бо сафири Тоҷикистон дар Кобул шоми 9 декабри соли равон дар дафтари кории аввалӣ баргузор шудааст.

"Шарофиддин Имом дар бораи таҳаввулоти ахири амниятӣ дар шимоли Афғонистон, вазъияти иқтисодӣ ва тронзитӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон ва тамдиди роҳи оҳан миёни ду кишвари ҳамсоя дидгоҳҳои кишварашро матраҳ сохт", — афзудааст манбаъ.

Ҷаноби Абдуллоҳ дар идома таъкид кардааст, ки мавзӯъҳои иқтисодии мавриди баҳси ин мулоқот дар ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои вазирони Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Афғонистон яке аз чаҳор кишваре мебошад, ки Тоҷикистон бо он марзи муштарак дорад ва дарозии хатти сарҳади ин ду кишвари ҳамсоя 1 ҳазору 370 километрро ташкил медиҳад. Тайи чанд моҳи ахир вазъ дар шимоли Афғонистон, аниқтараш манотиқи назди марзии Тоҷикистон ноустувор мебошад, ки ин масъала боиси коҳиши табодули коло миёни ду кишвари ҳамсоя шудааст.

© SputnikҚундуз – минтақаи стратегии Афғонистон
Қундуз – минтақаи стратегии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Қундуз – минтақаи стратегии Афғонистон

 

 

Лентаи хабарҳо
0