ВАО: чархболи ҳомили кӯмакҳо ба водии Бартанг расид

© AP / Massoud HossainiЧархбол аснои парвоз дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон (Бадахшон)
Чархбол аснои парвоз дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон (Бадахшон) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чархболи Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо мусоид шудани обу ҳаво молҳои мавриди ниёзи мардумро ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон расонд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Субҳи имрӯз як чархболи ҳомили кӯмакҳои мавриди ниёзи мардум   ба маҳалли зилзила дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон расид, иброз доштаанд масъулини мақомоти давлатии ВМКБ дар сӯҳбат бо хабарнигорони расонаҳо.

“Аз чанд рӯз ба ин тараф чархболҳои ҳомили кумак ба зарардидагон яке дар маркази ноҳияи Рӯшон ва ду чархболи дигар дар Душанбе ба далели номусоид будани боду ҳаво наметавонистанд ба ҷои ҳодиса бирасанд”,- омадааст дар хабари нашршуда.

Ба қавли масъули дафтари матбуотии вилояти Бадахшон Нилуфар Асламшоева, ин кӯмакҳо аз орд, биринҷ, шакар ва равған иборат буда, ба сокинони осебдида аз зилзила дар водии Бартанг тақсим карда мешаванд.

Куҳҳои Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Водии Бартанг: минтақаи дар инзивоъ монда

"Дар ҳоли ҳозир ду чархболи дигари ҳомили кӯмакҳо омодаи парвоз ба самти Бартанг ҳастанд. Зилзилаи шадиди 7 декабр, ки марказаш наздикии ноҳияи Мурғоб буд, даҳҳо танро дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон бе сарпаноҳ гузошт",- илова кардааст вай.

Феълан, раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар водии Бартанг қарор дорад ва таҳти раёсати ӯ амалиёти бартараф кардани оқибатҳои зилзила идома дорад. Гуфта мешавад, чархболҳое, ки ба Бартанг кӯмакҳоро мебаранд, дар бозгашт одамони  осебдидаро ба навоҳии Ванҷу Рӯшон ва шаҳри  Хоруғ интиқол медиҳанд.

Рӯзи 7 декабр заминҷунбии шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯъи ин зилзила дар наздикии Мурғоб буда, шиддати он ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва сенздаҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир осеби зиёд дидааст, то ҳоли ҳозир аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарор дошт. Дар пайи зилзилаи шадиду рехтани сангпораҳои азим ягона роҳе, ки ин водиро ба маркази ноҳияи Рӯшон мепайвандад, хароб гардида, бар иловаи ин, роҳи ҳавоӣ ба водии мазкур бо далели номусоидии ҳаво то субҳи имрӯз масдуд буд.

Кулли матолиби марбут ба зилзилаи ахир ва мушкилоти Бартангро аз ин ҷо мутолиа карда метавонед>>

 

 

Лентаи хабарҳо
0