Деҳлӣ бурсияҳои Тоҷикистонро то 150 нафар афзоиш медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевНамоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири ҷадиди Ҳиндустон гуфт, қарор аст соли оянда «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон»-ро дар барпо намоянд ва ваъда дод, ки тӯли адои вазифаи хеш ҳамчун дипломат кушиш ба харҷ медиҳад, ки робитахои иктисодиву тичоратии ҳар ду кишвар боз ҳам тақвият ёбанд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад иброз намуд, ки Деҳлӣ  бо Душанбе робитаҳои суннативу анъанавии гарму самимӣ дошт ва имрӯз ҳар ду кишвар муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ доранд.

"Тӯли солҳои охир як силсила  табодули сафарҳо дар сатҳи олӣ ва баланд байни ҳар ду кишвар сурат гирифт. Имрӯз ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳамёриву шарикии байни  Ҳиндустону Тоҷикистон доираи васеъро дар бахшҳои сиёсат, иктисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ, рушди иқтидори инсонӣ, мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, техналогияву фанноварӣ, фарҳанг ва сайёҳиро касб кардаанд",- афзуд вай.

Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши ҳарбӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

Ба қавли оқои Прасад, Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими Ҳиндустон дар робита ба барномаи иқтисодию техникӣ аст, ки онро «АЙТЕК» меноманд. Аз соли 1996 инҷониб зиёда аз 1000  мутахасиси Тоҷикистон дар ҳошияи ин барнома дарсҳои давраҳои омӯзиширо  дар Ҳиндустон гузаронидаанд.

Зимни сафари расмии нахуствазири Ҳиндустон ба Душанбе дар моҳи июни соли 2015 роҳбарияти он кишвар қарор кард, ки ҳиссаи Тоҷикистонро дар як сол аз 100 ба 150 расонанд.

Дипломати тозатаъини Ҳиндустон иттилоъ дод, ки қарор аст соли оянда «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон»-ро дар барпо намоянд ва ваъда дод, ки тӯли адои вазифаи хеш ҳамчун дипломат кушиш ба харҷ медиҳад, ки робитахои иктисодиву тичоратии ҳар ду кишвар боз ҳам тақвият ёбанд.

"Барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар бахшҳои кишоварзӣ, маориф, технологияҳои иттилоотӣ, маъдан ва кӯҳкорӣ бунёди неругоҳҳои барқию обӣ ва инфрасохтор имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд",- ҷамъбаст кард Прасад.

Лентаи хабарҳо
0