ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Даргириҳо дар фурудгоҳи шаҳри Қандаҳори Афғонистон бо кушташудани 14 ҷангӣ поён ёфтааст, иттилоъ медиҳад телевизиони TOLONEWS.
Ба иттилои манбаъ, ин даргирӣ замоне сурат гирифтааст, ки 14 ҷангҷӯйи мусаллаҳ дар тан либоси низомии артиши миллии Афғонистон ба яке аз мактабҳои наздик ба фурудгоҳи Қандаҳор ворид шуда, ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла кардаанд.
Фармондеҳи урдуи "205"-уми Афғонситон Довудшоҳ Вафодор гуфтааст, дар натиҷаи ин задухурд як сарбози артиши милии ин кишвар кушта шуда, се тани дигар захм бардоштаанд.
Манбаъ афзудааст, ки ин задухурди мусаллаҳона дар фурудгоҳи Қандаҳор 20 соат идома карда, далели ба дарозо кашидани он ҷилавгирӣ аз ҳалокати сокинони осоишта арзёбӣ мешавад.
Телевизиони TOLONEWS таъкид кардааст, ки миёни қурбониёни ҳодиса дар баробари низомиёну ҷангиён кӯдакон низ ҳастанд. Аммо дар бораи теъдоди онҳо чизе нагуфтааст.