Раҳоии 25 масеҳӣ аз асорати ДИИШ бар ивази маблағ

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкДеҳае дар шимолу шарқи Сурия, ки аз дасти ҷангиёни ДИИШ озод карда шудааст.
Деҳае дар шимолу шарқи Сурия, ки аз дасти ҷангиёни ДИИШ озод карда шудааст. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми як сол наздик ба 100 нафари онҳо бар ивази маблағ озод карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Миёнаравҳо тавонистаанд, барои раҳоии 25 масеҳии сурӣ, ки аз сӯи ҷангиёни созмони террористии ДИИШ рабуда шуда буданд, бо намояндагони ин созмон ба тавофуқ бирасанд.

Александр Грушко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чанд ҳазор ҷангии ДИИШ аллакай вориди Афғонистон шудаанд

Ҳамаи ин шаҳрвандони Сурия ба деҳаи Тел-Тамр, воқеъ дар шимолу шарқи ин кишвар интиқол ёфтаанд, хабар додааст рӯзи чаҳоршанбе намояндаи ҷамъияти Ошӯриҳои шаҳри Камишлӣ Ахикар Исо.

"Чанд рӯзи қабл 25 ошӯрие, ки 23 феврали соли равон аз сӯи ҷангиёни ДИИШ дуздида шуда буданд, раҳо гардиданд. Онҳо тавассути миёнаравҳо аз ДИИШ "харидорӣ" шуданд. Ҳамаи онҳо ҳоло ба деҳаи Тел-Тамр интиқол ёфтанд", — изҳор доштааст ӯ.

Моҳи феврали соли равон ҷангиёни ДИИШ 36 масеҳиро дар дарёи Хабури вилояти ал-Хасак боздошт карда буданд. Ҷангиён бо тахриби хонаву ибодатгоҳҳои масеҳиён даҳҳо нафари онҳо ба қатл расонда, 300 тани дигар аз ошӯриҳоро асир гирифтанд. Дар давоми як сол наздик ба 100 нафари онҳо бар ивази маблағ ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Лентаи хабарҳо
0