ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Соати 18.30-и шоми рӯзи гузашта дар мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад, иттилоъ медиҳад Раёсати умури дохилаи пойтахт.
"Вақте оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст, аллакай мактаб аз хонандагон холӣ буд. Дарсҳо тамом шуда, ҳама ба хонаҳояшон рафта буданд",- қайд мекунанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ.
Тайи муддати кӯтоҳ кормандони хадамоти сухторнишонӣ тавонистанд оташро хомӯш кунанд.
Ба гуфтаи кормандони мақомоти оташнишонӣ аз ин сухтор ду синфхона зарар дидаанд, ки яке пурра ва дигарӣ қисман хароб шудааст. Сухтор баъд аз соати дарсӣ рух дода, аз он касе зарар надидааст.
Мақомот мегӯянд, тафтиши қазияро оғоз карда, дар бораи сабабҳои сар задани ҳодиса баъдан муфассалтар хабар хоҳанд дод.
Хисороти оташсӯзӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст.