ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин баргузор мешавад.
Ин анҷуман рӯзи 11 декабри соли равон дар меҳмонсарои "Тоҷикистон"-и пойтахт барпо хоҳад шуд.
Анҷуман бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати кишвар ташкил шуда, наздики 100 нафар соҳибкору сармоягузори Тоҷикистону Чин ва намояндагони як зумра мақомоти давлатии ҳар ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Имрӯз дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, содагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.