Арзи сипоси Раҳмон ба мақомот ва соҳибкорон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Раҳмон бо кадрҳои тозатаъини ҳукумати ҶТ. 6 июли соли 2015
Мулоқоти Раҳмон бо кадрҳои тозатаъини ҳукумати ҶТ. 6 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулини ҳукумат супоришҳои мушаххас дод.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Имрӯз, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои ҳукумати ҷумҳурӣдастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва идораву муассисаҳои назди ҳукумат, инчунин дигар ашхоси масъул масъул машварати корӣ доир намуд, менависад сомонаи президент.

"Дар нишаст масоили вобаста ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, назорати хароҷоти буҷа ва сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишворӣ, тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосили заҳмати кишоварзон ва омодагӣ ба кишту кори тирамоҳӣ ва ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид",- омадааст дар хабари манбаъ.

Раҳмон аз Путин сипосгузорӣ кард

Аснои баррасии масоили омодагӣ ба зимистон ба масъалаи таъмини муназзами аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо бо неруи барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷаноби Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дод, дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои пешгирӣ аз гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва барои даъвати онҳо ба ҳифзи оромию субот фаъолияташонро тақвият диҳанд.

Ба иттилоъи манбаъ, раисҷумҳур ба рафти бартарафсозии оқибатҳои гармо ва селу обхезӣ дар вилояти Бадахшон ва дигар минтақаҳои кишвар дахл карда, ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорӣ ва шахсони алоҳида, ки дар кори барқарорсозии фаврии хонаҳои мардуми бесарпаноҳмонда ва дигар иншооти харобгардида саҳми намоён гузоштанд, арзи сипос кард.

Лентаи хабарҳо
0