Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии CERIS-и Брюссел шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомонаи президент менависад, унвони мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ироа шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо, унвони фахрии профессори ин марказро гирифтааст, менависад сомонаи президент.

Сомона менависад, ин унвон ба Эмомалӣ Раҳмон "дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ" дода шуд.

"Маркази мазкур, ки мақарраш дар шаҳри Брюссел аст, унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст", — омадааст дар сомона.

Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни аршади давлатӣ бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст.

"Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи "Сиёсати байналмилалӣ" ва "Сиёсати рушд" пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону собиқадор, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд", — шарҳ додааст сомона.

Лентаи хабарҳо
0