Душанбе, 9 дек — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд, дар ин бора раиси ин ноҳияи Худоёр Худоёров дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.
Маркази заминларзаи рӯзи 7 декабр дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез ҷойгир буда, шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рушон, аз ҳама бештар дар натиҷаи ин заминларза водии Бартанг осеб дидааст.
— Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ин минтақа, роҳҳои мошингард, хона ва мактабҳо хароб шудаанд.
"Барои сокиноне, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, мо дар маркази ноҳияи Рушон иқоматгоҳҳо омода кардаем ва тасмим дорем, имрӯз кучонидани онҳо ба онҷоро шуруъ кунем. Ҳоло кӯмаки башардӯстона ҳам за Душанбе ба Рушон расидааст, ки иборат аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд ва шакар мебошад", илова кард Худоёров.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки вазъи боду ҳаво то ҳол намегузорад, чархболҳо ба водии Бартанг парвоз кунанд. Аммо ба қавли ӯ, давоми рӯз чархболҳо ҳатман кӯмакро ба зарардидагони Бартанг хоҳанд расонд. Агар вазъи ҳаво ба ин шакл идома ёбад, мошинҳо ба роҳ хоҳанд баромад.