ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бо супориши расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ду чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои ироаи кӯмак ба сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки аз заминларза осеб дидаанд, сафарбар шудаанд.
Аз сабаби номусоидии боду ҳаво рӯзи гузаштаи 8-уми декабр чархболҳо ба маҳалли офат дар дараи Бартанг парвоз карда натавонистанд.
"Агар вазъи ҳаво мӯътадил бошад, имрӯз чархболҳои ҳомили бори мухталиф, аз қабили хаймаҳо, кӯрпа ва либосу ғизо ба Бартанг парвоз мекунанд, дар сурати баръакс ин кӯмакҳо тавассути нақлиёт ба мардум расонида мешаванд",- иброз дошт мудири шӯъбаи робита бо ҷомеъаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева.
Комиссияи вижаи ҳукуматӣ, ки бо супориши президент таҳти сарварии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ташкил шудааст, дар роҳ ба сӯи Хоруғ қарор дорад. Интизор меравад, шурӯъ аз имрӯз ситоди вилоятии кӯмак ба осебдидагон ба фаъолият оғоз намояд.
Раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед айни замон дар водии Бартанг, маконе, ки аз ҳама бештар дар заминларза зарар дидааст, ҳузур дорад. Имрӯз кӯчонидани мардуми минтақа ва аҳолии бесарпаноҳмонда оғоз хоҳад шуд.
Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар паи заминларзаи 7 декабр ду нафар ҳалок ва даҳ тан маҷрӯҳ шуда, ҳудуди 700 манзили сокинон дар навоҳии Бадахшон осеб дидаанд.
Дар натиҷаи ин заминларза дар баъзе аз навоҳӣ аз кӯҳҳо санг фаромада, аз ҷумла дар километри 462-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар деҳаи Хехеки ноҳияи Ванҷ ронандаи мошини борбари тамғаи "Дулан" Ҷонӣ Ғаниев, сокини шаҳри Норакро куштааст. Як рӯз баъд дар роҳ ба сӯи водии Бартанг корманди милиса низ дар пайи сангрезӣ ба ҳалокат расид.