ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Олими фаронсавӣ Паскал Котт дар зери расми рассоми машҳур Леонардо да Винчи "Мона Лиза" ("Ҷоконда") боз як расми дигарро пайдо кард, менависад Би-би-си.
Паскал Котт бо истифода аз дурбин (суратгирак)-и махсус тайи 10 сол ин расмро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Бозёфти олим аҷиб буда, дар он модел ба як тараф нигоҳ карда, нигоҳи асроромози ӯ, ки дар расми дар Лувр буда мавҷуд аст, дида намешавад. Ба ғайр аз ин, дар расми дарёфтшуда наметавон аз табассуми зебои "Моно Лиза", ки 500 сол боз тамошобинон ҳаловат мебурданд, асаре пайдо кард.
Дар ин панҷоҳ соли ахир "Моно Лиза" борҳо мавриди тӣаҳқиқу пажӯҳиши мухталифи олимону коршиносон қарор гирифта, чанде қабл нусхабардории мултиспектралӣ шуда буд. Паскал Котт мегӯяд, таҷҳизоти вай расмро беҳтару хубтар аз ҳама метавонад омӯзад.
"Ҳоло мо метавонем дақиқ кунем, ки нусхаи асли расм чӣ гуна буд, даруни рангҳои он чӣ асроре маҳфуз аст. Мо имкони барқарор кардани хронологияи расмро пайдо кардем",- иқтибос меорад Би-би-си аз ҳарфҳои санъатшиноси фаронсавӣ.
Дар ҳамин ҳол на ҳама олимон ба андешаи Паскал Котт розианд. Бархе аз муҳаққиқон мегӯянд, ки ин бозёфт "таърихи аср" унвон мешавад, дигарон бошанд ба ин назарнд, ки замони "Моно Лиза" ба охир расидааст.
Лувр аз ироаи шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунад.