Нархи расм 625 ҳазор евро эълом шуда буд. "Аксарияти хомӯш"- яке аз корҳои қаблан анҷомдодаи Бэнкси аст, ки бо ҳаммуаллифии рассоми дигари хиёбонӣ- Инки офарида шудааст. Он соли 1998, аснои баргузории ҷашнвораи "Гластонбери", дар паҳлӯи (борти) нақлиёти боркаш, ки дарозиаш қариб 10 метр аст, пайдо гардид.
"Бэнкси пурсид, ки оё метавонад як қисмати боркаши моро ҳамчун матоъи бузурги рассомӣ (холст) истифода кунад. "Аксарияти хомӯш" ҳамин тавр рӯи кор омад ва ҳадафи он тасвири апогей- шабнишиниҳо ва саҳнаҳои хип-хопи ҳамон давр буд",- иброз доштанд мубтакирони тарҳ бо истинод ба соҳибони нақлиёт.
Дар расм чанд одам ба монанди сарбозоне, ки ба ҳамла тайёрӣ мебинанд, тасвир шудааст. Онҳо бо худ қаиқи дамдори зард доранд, ки дар он диҷей бо дастгоҳу таҷҳизоти мусиқӣ нишастааст. Аз ҳаво бошад, онҳоро чанд чархбол дастгирӣ мекунад.
Бэнкси — яке аз маъруфтарин намояндагони рассомони хиёбони ҷаҳон (стрит-арт) мебошад, ӯ бо он машҳур аст, ки ҳеч гоҳ корҳояшро таблиғ намекунад. Дар бораи ҳуввияти вай одамон кам маълумот доранд, Бенксиро теъдоди кӯчаки одамон аз қиёфааш мешиносанд.