Чориева ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро омодагии ҷиддӣ мебинад

© AP / Ivan SekretarevМавзуна Чориева
Мавзуна Чориева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҳол ба ин мусобиқоти ҷаҳон аз Тоҷикистон танҳо гурзандози маъруф ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Дилшод Назаров роҳхат ба даст овардааст.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бонуи муштзани тоҷик ва барандаи медали бринҷии бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро омодагӣ мебинад, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар.

Ҳоло ин варзишгари тоҷик дар осоишгоҳи "Баҳористон" дар як шабонарӯз ду вақт ба тамрин машғул аст.

Мавзуна Чориева - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева: дигар овардани медал ба Ватанро ваъда намедиҳам

"Имрӯзҳо ман дар як рӯз ду бор тамрин мекунам ва барои дарёфти ин роҳхат тамоми талошҳои худро анҷом медиҳам", — афзудааст ӯ.

То ҳол ба ин мусобиқоти ҷаҳон аз Тоҷикистон танҳо гурзандози маъруф ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Дилшод Назаров роҳхат ба даст овардааст.

Номи Мавзуна Чориеваи 22-сола баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст.

Ин қаҳрамонӣ ба маҳбубияту маъруфияти ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуд ва аксарият ба Мавзуна "духтари қаҳрамон" ном гузоштанд. Баъдан ба Мавзуна Чориева барои ин дастовардаш шаҳрдории Душанбе манзили се ҳуҷраӣ, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷраӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷраӣ тӯҳфа намуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.

Лентаи хабарҳо
0