Хабарнигори Sputnik тасмим гирифт, бо меҳмон шудан ба хонаи хонум Чоирева шоҳиди рафти рӯзгори ин муштзани тоҷик шавад.
Мавзуна Чориева дар ҳоли ҳозир бо барқарор кардани вазъи саломатии худ машғул аст, ки дар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занҳо аз ноҳияи китф лат хурда буд. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист дар ин мусобиқа мақоми сеюмро гирифта, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргардад. Инчунин ӯ соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар Қатар шавад. Ин муштазни тоҷик дар ин мусобиқа барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии 2016 ба майдон хоҳад баромад.
Аммо он рӯҳия ва шавқу рағбате, ки ин варзишгари тоҷик дар арафаи бозиҳои олимпии Лондон дошт, ҳоло дигар дар ӯ дида намешавад.
"Дигар барои гирифтани мақому овардани медал ба Ватан қавл нахоҳам дод. Муносибат бо варзишгарон дар мо хеле бад шудааст. Вақте Маликшо Неъматов дар раҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд, барои фароҳам кардани шарту шароит барои мо хеле талош мекард. Аммо ҳоло вазъ комилан тағйир ёфтааст. Замоне аз Пекин баргаштем моро ҳатто дар фурудгоҳ пешвоз нагирифтанд. Ва дар пайи лат хурдан аз ноҳияи китф ҷарроҳӣ шудам, ҳатто касе аз ҳоли мо хабар нагирифт", гуфт Чориева.
Мавзуна Чориева ҳоло ягона дастоварди худ духтараш — Софияро медонад, ки се сол дорад ва бештари таваҷҷуҳи ӯву ҳамсараш ҳам ба ин тифл равона шудааст.
Дар мавриди ин муштзани тоҷик чи гуна ба сар мебараду дар оянда чӣ чизҳоро интизор аст, метавонед дар матолиби рӯзи 1 октябри Sputnik бихонед.