ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Душанбе ба таври чашмгир шумори саррофиҳо коҳиш ёфта, пойинрави қурби доллари амрикоӣ то 7%, дақиқтараш аз 7,30 ба 6,83 сомонӣ ба назар мерасад.
Дар шаҳри Душанбе тақрибан ҳамаи саррофиҳоро бастанд. Дар лавҳаи ягона саррофии фаъолияткунанда дар назди Фурӯшгоҳи марказии пойтахт ё худ "СУМ" арзиши як доллар 6,83 — 6,85 сомонӣ навишта шудааст.
Ин коҳиши чашмгири арзиши доллар дар Тоҷикистон баъд аз дахолати Бонки миллии кишвар дида мешавад.
Дар ҳоле ки рӯзи 29 ноябри соли равон қурби як доллари амрикоӣ дар кишвар 7,40 сомониро ташкил медод.
"Дар ҳоли ҳозир доллар надорам, як каме баъдтар биёед. Агар харидан мехоҳад, бо арзиши 6,85 сомонӣ на бештар аз 300 доллар фурӯхта метавонам. Агар аз ин зиёд мехоҳед, пас ба бонк биравед, онҷо ба Шумо тог ҳазор доллар метавонанд, фурӯшанд", — гуфт корманди ин саррофӣ.
Сару садоҳо атрофи доллари амрикоӣ тайи чанд рӯзи ахир ба миён омадааст ва масъулини Бонки миллии кишвар ҳам барои муайян кардани ин ҳадсу гумонҳо дар бораи қурби асъори хориҷӣ тафтишу санҷиши фаъолияти бонку бахшҳои онҳоро идома медиҳад.
"Дар натиҷаи фаъолияти якҷояи аъзои гуруҳ як қатор қонуншиканиҳо ва камбудиҳо дар кори 18 нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҶСП "Тоҷпромбонк" ва ҶСК "Ориёнбонк"-и ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Вахдат ва шаҳри Норак ошкор карда шуданд", — менависад сомонаи БМТ.
Ба иттилои манбаъ, гӯиё дар аксари саррофиҳои мазкур камбудиҳои зерин, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ дар саррофӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, бесабаб фаъолият накардани баъзе саррофиҳо, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ба назар расидааст.
Дар натиҷаи ошкоршавии ин камбудҳо на танҳо кормандони саррофиҳо, балки нисбати масъулини бонкҳо чораандешӣ шудааст.
Наздик ба як моҳи пеш масъулини БМТ ҳаққи муайян кардани қурби асъори хориҷӣ дар икшварро дар ихтиёри ташкилотҳои қарзӣ гузошту назорати бозори арзро каме камранг кард.
Ҳоло арзиши расмии доллари амрикоӣ дар кишвар, ки тавассути БМТ муайян карда мешавад, 6,76 сомониро ташкил медиҳад. Бонку саррофиҳои ҷумҳурӣ ҳам бояд бар асоси ин нишондод дар хариду фурӯши доллар кор бигиранд.