Дар Хуҷанд барои тиҷорат бо доллар ҳуқуқдон боздошт шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДолларҳо. Акс аз бойгонӣ
Долларҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қиболи боздоштшуда, ки талош дошт манзили худро бар ивази $38 ҳазор бифирӯшад парвандаи ҷиноӣ бо моддаи муъомилаи ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ боз шуд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳуқуқдони яке аз муъассисоти бонкии шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми тиҷорати ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ боздошт шуд, менависад хабаргузории Авеста.

Зикр шудааст, ки марди чиҳилу ду сола талош кардааст манзили худро бар ивази $38 ҳазор бифурӯшад.

Доллари ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокини пойтахт барои фурӯши мебел ба доллар боздошт шуд

"Зимни гирифтани қисме аз ин маблағ А.А. аз сӯйи маъмурони милитсияи вилояти Суғд боздошт шуд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони манбаъи худ дар ниҳодҳои интизомии вилоят.

Дар қиболи боздоштшуда тибқи моддаи 286, қисми 2 (муъомилоти ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ) қонуни ҷазои ҶТ парванда боз шудааст.
Ин моддаи қонун ҷазои ҷарима аз 21 то 36 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 солро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0