Урдуғон: бузургтарин харидори нафти ДИИШ шаҳрванди Русия аст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаҷаб Таййиб Урдуғон
Раҷаб Таййиб Урдуғон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои ин ниҳод, Хасаунӣ гӯиё ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам Сурияро дорад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи панҷшанбе гуфт, бузургтарин харидори нафти дуздии ДИИШ тоҷири сурист, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дорад.

"Бузургтарин харидори нафти ДИИШ Ҷорҷ Хашравӣ мебошад, ки ҳам аз шаҳрвандии Русия ва ҳам аз Сурия бархурдор аст. Ӯ ҳатто ба режими кунунии Сурия ҳам нафт мефурӯшад ва дар ин бора Вазорати молии ИМА иттилоъ додааст", —изҳор доштааст Урдуғон зимни Анҷумани Иттифоқҳои касабаи кишвараш дар Анқара.

Вазири дифои Юнон: Су-24-и ФР дар ҳудуди Сурия ҳадаф қарор гирифтааст

Раисҷумҳури Туркия ваъда додааст, ки мақомоти кишвараш дале асноди мавҷуда дар ин бораро ба миён хоҳанд гузошт.

Масъулини Вазорати молияи ИМА рӯзи 25 ноябр ба "рӯйхати сиёҳ"-и худ исми тоҷир Ҷорҷ Хасуаниро ҳам ворид кард, ки дар қочоқи нафт, аз ҷумла фурӯши нафти харидааш аз ДИИШ ба ҳукумати Сурия айбдор мешавад. Шояд раисҷумҳури Туркия ин тоҷирро дар назар дошта бошад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Хасаунӣ гӯиё ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам Сурияро дорад.

Президенти Туркия бори дигар таъкид кард, ки агар Русия харидорӣ шудани нафти ДИИШ аз сӯи Анқараи расмиро исбот кунад, ба истеъфо хоҳад рафт.

шаҳри Анқара - Sputnik Тоҷикистон
ИМА иқрор кард, ки нафти ДИИШ аз марзи Туркия мегузарад

Қаблан муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки харидори аслии нафти дуздии ДИИШ Туркия мебошад.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам гуфта буд, ки Кремл дар мавриди он ки ҳавопаймои низомии Су-24-и он ба хотири ҳимоят аз интиқоли нафт тавассути ҷангиёни ДИИШ ба Туркия сарнагун карда шудааст, тамоми далелҳоро дорад.

"Мо тамоми далелҳо дар мавриди он ки ҳавопаймои Су-24 ба хотири таъмини амнияти роҳҳои интиқоли нафт ба Туркия сарнагун карда шудааст. Ба хусус, ин ҳодиса дар наздикии бандаргоҳе рух додааст, ки аз он ҷо бояд нафтҳо ба танкерҳои ҳамл шаванд",- изҳор доштааст ӯ.

Аз сӯи дигар, Департаменти давлатии ИМА иқрор кард, ки нафти таҳти идораи ДИИШ аз марзи Туркия убур мекунад.

"Тақсимоти нафти ДИИШ тавассути марзи Сурияву Туркия ҷой дорад. Аз ин рӯ, мо аз Туркия хоҳиш дорем, марзи худро бибандад",- гуфтааст намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер.

Лентаи хабарҳо
0