Рустам Назаров, падари Умаралӣ ҷабрдида эътироф гардид

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНашрияҳои Тоҷикистон, ки аксу хабари марги Умаралӣ Назаровро нашр карданд. Акс аз бойгонӣ
Нашрияҳои Тоҷикистон, ки аксу хабари марги Умаралӣ Назаровро нашр карданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан, модари ин тифли панҷоҳаи тоҷик, ки дар як шароити мармуз дар беморхонаи Тсимбалинаи шаҳри Санкт-Петербург фавтида буд, ҷабдрдида маҳсуб меёфт, аммо чанд рӯзи пеш аз Русия ихроҷ гардид.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров, дар парвандаи марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург расман ба ҳайси ҷабрдида эътироф шудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Раёсати тафтишоти Кумитаи мазкур.

"Рӯзи 2 декабр Рустам Назаров ба шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Неваи Санкт-Петербург даъват шуда, дар парвандаи марги писараш расман ба ҳайси ҷабрдида эътироф гардид.  Вакилони мудофеи хонаводаи Назаровҳо тайи ду ҳафта боз талош доштанд, то Рустам Назаров ҷабрдида шинохта шавад",- омадааст дар иттилоъияи нашршуда.

Гуфта мешавад, аз ҳуқуқи наздикони Умаралӣ Назаров дар Русия чор вакил дифоъ мекунанд ва то кунун фақат як нафари онҳо дар бораи махфӣ шудани парвандаи марги Умаралӣ иброз доштааст.

Бахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Санкт-Петербург: дар марги Умари 5-моҳа гунаҳкор нестем

Рӯзи 13 октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират як хонаводаи тоҷик, Далер Назаров, Заррина Юнусова ваҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралии 5-моҳаро боздошт карда, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд. Дар шӯъбаи пулис тифлро аз модар ҷудо карданд ва ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи шароити нигаҳдории тифл дода нашудааст.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Зарина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳали нигаҳдории тифлаш дода натавонистанд ва танҳо як рӯз баъд, 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари панҷмоҳаро супориданд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия он замон ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва додситонии кулли ин кишвар Юрий Чайке муроҷиат карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи марги Умари панҷмоҳа шуд.

Кулли матолиби марбут ба қазияи марги мармузи тифли панҷомаҳаи тоҷик- Умаралӣ Назаровро дар шаҳри Санкт-Петербург, пойтахти шимолии Русия аз ин ҷо мутолиа карда метавонед.

Лентаи хабарҳо
0