Путин: барои таъмиру тармими мактабҳо 50 миллиард ҷудо мешавад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПайёми раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ. 3 декабри соли 2015
Пайёми раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ. 3 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди хонандагони макотиб дар Русия ҳамасола зиёд мешавад ва тайи 10 соли оянда шумори онҳо то 3,5 миллион афзоиш хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ҷойҳои нишасти иловагӣ дар мактабҳо зарур мешавад, зеро теъдоди толибилмон давоми даҳ соли оянда 3,5 миллион бештар хоҳад шуд, иброз дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аснои ироаи пайёмаш ба Маҷлиси Федералӣ.

"Муҳим он аст, ки толибилмони мо бо мактабу ҷиҳози таълим таъмин бошанд, бештар шудани шумори онҳо ба сифати хонишашон таъсири манфӣ нарасонад. Кӯшиш бояд кард, ки сатҳу сифати таълим боз ҳам рушд кунад",- гуфт президенти ФР.

Даъвати Путин аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ: мустақил бошед

Ба қавли Путин, бо дастури ҳукумати марказӣ мақомоти маҳаллӣ ва минтақаҳо нақшаи муассири фаъолиятро дар ростои маориф таҳия карда, зина ба зина онро татбиқ менамоянд.

"Тайи солҳои оянда даҳҳо мактаб сохта шуда, фақат барои таъмиру тармими макотиб дар соли 2016 ҳудуди 50 миллиард рубл ҷудо мегардад",- афзуд Путин.

Ҳамзамон Владимир Путин ба мушкилоти амниятии ҷаҳони муосир ишора карда, даъват намуд, ки "як ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ ташкил шавад, ки бар асоси қонунҳои байналмиллалӣ ва зери назари СММ" фаъолият кунад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0