Даъвати Путин аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ: мустақил бошед

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти ФР Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Президенти ФР Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федеоратсияи Русия бо шабакаи телевизионии швейтсарӣ мусоҳиба анҷом дода, зимни посух ба пурсиши имкониятҳои ҷанг бо Аврупо гуфт, мехоҳам роҳбарони кишварҳои аврупоӣ мустақилияти бештаре дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки дар самттгирии сиёсатҳо мустақил бошанд ва тасмими мустақилона бигиранд.

"Боварӣ дорам, ки ин рух намедиҳад (ишораи Путин ба ҷанги Русия ва Аврупо- шарҳ аз идора). Аммо ба ҳар вуҷуд мехоҳам, Аврупо аз истиқлолияти бештар бархӯрдор бошад ва манофеъи миллии худро роҳбарони ин кишварҳо ҳар чӣ бештар худашон ҳимоя карда тавонанд",- иброз дошт пешвои ФР ҳангоми ироаи посух ба суоли имконияти сар задани ҷанг миёни ҷонибҳо. Матни комили мусоҳибаи президенти Русия дар торнамои расмии Кремл нашр шудааст.

"Агар масоили дохилии Аврупоро мо аврупоиён дар Вашингтон баррасӣ кардан мехоҳем, ин бисёр мақбул нест",- қайд кард раисҷумҳури Русия.

 

Лентаи хабарҳо
0