Футзал: рақибони Тоҷикистон дар сабқати Осиё-2016 маълум шуданд

© Flickr \ Corporación de DeportesФутзал
Футзал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони тоҷик аз ҳама беҳтар дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё - 2007 бозӣ карда, ба марҳалаи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфта буданд.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи "С", ки аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор мешавад, маълум шуданд.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи гузашта дар пойтахти кишвари ҳамсоя доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»:  Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»:  Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҳисайн Шодиев мегӯяд, фикр мекунам, мунтахаби Тайланд на танҳо дар гурӯҳи мо, инчунин дар чемпионати Осиё-2016 дар Ӯзбакистон довталаби аслии унвони қаҳрамонист.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз рақиби дастаи ҶТ дар Чемпионати футзали Осиё маълум мешавад

"Се дастаи боқимонда — Тоҷикистон, Ветнам ва Тайван барои гирифтани ҷойҳои дуввум дар гурӯҳ шонси баробар доранд. Бо мунтахаби Ветнам мо дар чемпионати охирини Осиё вохӯрдаем. Ин рақиби хеле пурқувват аст ва ягона дастаест, ки соли 2014 тавонист ба дарвозаи мунтахаби пурзӯри Эрон чаҳор голи беҷавоб бизанад",- афзудааст ӯ.

Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё-2016, ки дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад, 14 даври ин сабқат ба шумор меравад. Футзалбозони тоҷик қаблан дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё- 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014 иштирок карда буданд.

Онҳо аз ҳама беҳтар дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё — 2007 бозӣ карда, ба марҳалаи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфта буданд.

Лентаи хабарҳо
0